Соли ҷорӣ Иёлоти Муттаҳида ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-солагии шарикӣ ва ҳамкориро ҷашн мегиранд. Дар ин бора Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷозеф Байден дар номаи табрикотии худ ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз изҳор доштааст.
«Мо дар муқовимат бо терроризм, мубориза бо пандемия ва муҳайё намудани шароити беҳтар барои мардуми кишварҳоямон талош намудем», — зикр намудааст Ҷ. Байден.
Президенти ИМА зикр мекунад, Маъмурияти ӯ бесаброна хоҳони он аст, ки бо Тоҷикистон барои ҳалли масъалаҳои амнияти умумӣ ва амиқтар намудани ҳамкорӣ дар соли оянда, аз ҷумла ҷиҳати дастгирии талошҳо баҳри сулҳи Афғонистон ҳамкорӣ кунад.
«Мо инчунин умедвори он ҳастем, ки раванди C5+1-ро, ки таҳти роҳбарии Котиби Давлатӣ Ҷон Керрӣ панҷ сол пеш оғоз ёфта буд, идома диҳем», — зикр намудааст Ҷ. Байден.
АМИТ «Ховар»