15 март Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо ҷараёни хизматрасонии тиббӣ ва корҳои таъмирии беморхонаҳои марказии шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав шинос шуд. Номбурда зимни боздид аз беморхонаҳои мазкур бо якчанд нафар беморон суҳбати озод анҷом дода, аз онҳо сифати хизматрасонии тиббиро пурсон шуд.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Ҷамолиддин Абдуллозода ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, сабзу хуррамгардонии назди беморхонаҳо, беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади аз наздик шинос шудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои кишвар, таҳлилу баррасии масъалаву мушкилоти ҷойдоштаи соҳа ва дар ин замина боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштҳои шабона ва рӯзонаро ба роҳ мондааст.
АМИТ «Ховар»