Бахшида ба Рўзи Парчами миллӣ дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои фарҳангӣ доир гардиданд. Тавре ки Насимҷон Ойев, муовини ректори донишкада оид ба корҳои таълимӣ хабар дод, дар факултаҳо ва литсейи донишкада бо ташаббуси раёсати донишкада ва сохторҳои марбута озмунҳои гуногун, маҳфилҳои илмӣ ва машваратҳо доир карда шуданд.
Дар барномаҳо мавзӯъҳои «Парчами давлатӣ-ифодагари истиқлолияти воқеӣ», «Парчам-рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу ифтихор ва нангу номус», «Парчамдории точикон: таърих ва рушд» ва амсоли инҳо баррасӣ шуданд.
23 ноябр дар доираи силсилабарномаҳои фарҳангӣ дар донишкада маҳфили бошукӯҳи фарҳангӣ таҳти унвони «Парчам-рукни асосии мукаддасоти миллӣ» баргузор шуд. Ректори донишкада, профессор Диловар Қодирзода зикр намуд, ки бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар Парчами миллии тоҷикон дар қатори парчамҳои дигар кишварҳо дар созмонҳои баландпояи ҷаҳонӣ ҷойгузин гардидааст, ки ин бегумон моя ифтихору рўҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони мо мебошад.
«Парчами давлатӣ барои мо -тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдату ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад»,-иброз дошт Д. Қодирзода.
Профессори кафедраи фалсафа ва таърихи соҳибкорӣ Намоз Ҳотамов атрофи таърихи парчамдории тоҷикон зикр дошт, ки «Парчам ҳанўз аз замонҳои хеле қадим рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу ифтихор ва нангу номус буд. Давлатдории тоҷикон низ таърих ва суннати бисёр қадимӣ дошта, аввалин парчами қадимаи тоҷикон Дирафши Ковиён ном дошт, ки он ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории ориёӣ қабул карда мешавад. Дирафши Ковиён то замони суқути давлати Сосониён дирафши миллӣ ва давлатии ниёгони тоҷикон буд».
АМИТ «Ховар»