Бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Лаҳистон 25-уми ноябри соли равон соати 11:00 дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии тиҷоратии доираи соҳибкорони Тоҷикистону Ҷумҳурии Лаҳистон баргузор мегардад.
Тавре аз ин ниҳод хабар доданд, дар вохӯрӣ ширкатҳои бузург дар соҳаи фарматсевтика, таҷҳизоти истеҳсолии тиббӣ ва ширкатҳои фурӯши тачҳизоти тиббии Лаҳистон ширкат хоҳанд кард.
«Мақсад аз гузаронидани вохӯрӣ- ин ҷалби сармоя, ташкили корхонаҳои истеҳсоли муштарак, пайдо намудани ҷойҳои нави корӣ, пайдо намудани шарикони ҳамкор ва таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодии доираҳои соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ мебошад»,-хабар дод манбаъ.
АМИТ «Ховар»