Тоҷикистон ва Эрон зарурати истифодаи зарфиятҳои зиёди ҳамкории иқтисодию сармоягузориро таъкид намуданд

Дар Теҳрон 31 июл  мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо Вазири  иқтисод ва дороии Эрон Фарҳоди Дижписанд баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба маълумоти манбаъ, дар мулоқот ҷонибҳо зарурати истифодаи зарфиятҳои зиёди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва молиявию сармоягузорӣ миёни Тоҷикистону Эронро таъкид карданд.  Ҷиҳати густариши муносибатҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ миёни ду кишвар такмил ва тавсеаи заминаи шартномавии ҳамкорӣ дар соҳаҳои бонкӣ, сармоягузорӣ, бима ва гумрук салоҳи кор дониста шуд.

Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои мушаххаси робитаҳои ниҳодҳои иқтисодиву молиявии ду давлат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.  Дар фарҷоми мулоқот ҷониби эронӣ роҳбарони вазоратҳои марбутаи Тоҷикистонро ба Теҳрон даъват карда, изҳори боварӣ намуд, ки ин сафарҳо ба таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи иқтисодию тиҷоратӣ ва молиявӣ миёни ду давлат мусоидат мекунанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: