8-10 декабр дар 21 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар 3 шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), ноҳияи Рашт ва 17 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд барои 5255 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ аз тарафи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиҳонҳои озмоишӣ ташкил ва гузаронида мешаванд.
Тавре аз Маркази миллии тестӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, баргузории имтиҳонҳои озмоишӣ дар шаҳри Хоруғ бо иштироки 252 нафар, дар Шуғнон — 183 нафар, дар ноҳияи Роштқалъа — 138 нафар, дар ноҳияи Рашт — 252 нафар, дар шаҳри Хуҷанд — 276 нафар, дар шаҳри Панҷакент — 278 нафар, дар шаҳри Конибодом — 278 нафар, дар шаҳри Исфара — 280 нафар, дар шаҳри Истаравшан — 282 нафар, дар шаҳри Гулистон — 287 нафар, дар шаҳри Бӯстон — 261 нафар, дар шаҳри Истиқлол — 152 нафар, дар ноҳияи Ашт — 270 нафар, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров — 283 нафар, дар ноҳияи Деваштич — 270 нафар, дар
ноҳияи Зафаробод — 265 нафар, дар ноҳияи Мастчоҳ — 272 нафар, дар ноҳияи Спитамен — 259 нафар, дар ноҳияи Ҷаббор Расулов — 250 нафар, дар ноҳияи Шаҳристон — 264 нафар ва дар ноҳияи Айнӣ — 203 нафар хатмкунандагон ба нақша гирифта шудааст. Дар маҷмӯъ, дар имтиҳонҳои озмоишии 21 шаҳру ноҳия аз 381 муассисаи таълимӣ хатмкунандагон даъват карда мешаванд.
Дар мувофиқа бо муассисаҳои таълимӣ хатмкунандагон бо чунин тарз ба гурӯҳи ихтисосҳо тақсимот шудаанд:
— гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) – 802 нафар хатмкунанда;
— гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география) – 882 нафар хатмкунанда;
— гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат) – 1053 нафар хатмкунанда;
— гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) – 726 нафар хатмкунанда;
— гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш) – 1792 нафар хатмкунанда.
Коркарди варақаҳои ҷавобҳо дар Маркази миллии тестӣ ба таври автоматӣ гузаронида шуда, натиҷаи он ба раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо вобаста ба ҳар иштирокчӣ равона карда мешавад.
Мақсад аз гузаронидани озмоиши мазкур, пеш аз ҳама, шиносоии хатмкунандагон бо тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ, дарки масъулият дар вақти супоридани имтиҳонҳои воқеӣ ва шинос шудан бо таркиби саволу масъалаҳои тест вобаста ба фанҳои имтиҳонҳо мебошад.
АМИТ «Ховар»