Хонандаи синфи шашуми Мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе Хуршед Муртазоқулови 12-сола Тоҷикистонро дар бозиҳои «Футбол барои дӯстӣ» (Football for Friendship), ки дар Санкт-Петербурги Россия аз 26 июн то 3 июли соли равон баргузор мегардад, муаррифӣ менамояд. Ин ташаббусро ҶСО «Газпром», ки шарики асосии ФИФА ва Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол -2018 мебошад, роҳандозӣ кардааст.
Амина Конурбаева, роҳбари лоиҳаи «Футбол барои дӯстӣ» дар Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ дар нишасти хабарӣ дар мақомгоҳи ФФТ арз кард, ки мақсади асосии лоиҳа- ин ривоҷу равнақи футбол байни кӯдакон, тарғибу ташвиқи ҳаёти солим, таҳаммулпазирӣ ва дӯстӣ мебошад.
Аз рӯи гуфтаи Амина Конурбоева, имсол шумораи кишварҳое, ки ба ин барнома пайвастаанд, хеле зиёд гардида, аз 32 ба 64 давлат расидааст ва Лоиҳа футболбозони навраси чор қитъа Африка, АвруОсиё, Америкаи Ҷанубӣ ва Шимолиро ба ҳам меорад.