Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон барои интиқол, насб ва ба истифода додани таҷҳизот барои навсозии системаи назорат ва огоҳии барвақти кӯли Сарез дар Тоҷикистон шартнома ба имзо расонид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба намояндагии Бонки Рушди Осиё (БРО) дар Тоҷикистон.
Шартнома қисми Лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳои табиӣ мебошад, ки аз ҷониби гранти БОР ба маблағи 10 миллион доллари ИМА маблағгузорӣ мешавад.
Шартнома ба маблағи 750 ҳазор доллар бо ширкати «Group Limited Liability Partnership»-и Қазоқистон, ки дар натиҷаи озмуни кушоди БРО интихоб гардидааст, имзо шуд.
Таҷҳизоти нави назорат ва огоҳкунии барвақт аз дастгоҳҳои GPS, акселерометрҳои қавиҳаракат, санҷандаҳои (датчики) фишори зериобӣ, бесарнишин, радио, телефонҳои моҳворавӣ, истгоҳҳои обу ҳавои автомобилӣ, истгоҳҳои гидрологӣ, истгоҳҳои гидрометрӣ ва ғайра иборатанд.
Гуфта мешавад, ки молрасон инчунин оид ба кор бо таҷҳизоти нав, ки моҳи июли соли 2021 ба истифода дода мешавад, омӯзиш мегузаронад.
Кӯли Сарез дар кӯҳҳои Помири Тоҷикистон ҷойгир аст. Ин кӯл соли 1911 дар натиҷаи заминларзаи шадид, ки ярчҳои азимеро ба амал овард ва дарёи Мурғобро баст, ба вуҷуд омадааст. Дарозии кӯл зиёда аз 60 км, чуқуриаш 500 м буда, тақрибан 17 километри мукааб об дорад. Минтақаи кӯл зери фаъолнокии назарраси сейсмикӣ қарор дорад, ки он назорати кӯлро талаб мекунад.
БРО моҳи сентябри соли 2018 Лоиҳаи идораи хатари офатҳои табииро барои кумак ба Тоҷикистон дар омодагӣ ва вокуниш ба офатҳои табиӣ ва тағирёбии иқлим, инчунин коҳиш додани таъсири офатҳои табиӣ ба одамон тасдиқ кард. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ иҷрокунандаи ин лоиҳа мебошад.
АМИТ «Ховар»