Аз 26 ноябр то 17 декабри соли равон дар ҷумҳурӣ нахустин Намоишгоҳи универсалии онлайнии «Made in Tajikistan 2020» доир мегардад.
Тавре аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар намоишгоҳи мазкур 150 ширкат дар соҳаҳои саноати хӯрокворӣ, саноати сабук, сохтмон, нақлиёт, ҳунармандӣ хизматрасонӣ ва сайёҳӣ молу маҳсулот ва хизматрасониҳои худро муаррифӣ менамоянд.
Платформаи намоишӣ аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии молиявии Агентии Германия оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) ташкил гардида, мақсад аз он ба бозорҳои хориҷӣ баровардани маҳсулоти истеҳсолкунандагон ва содироткунандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди иқтидори содиротӣ, дарёфти бозорҳои нав, тавсеаи ҳамкории ширкатҳои тоҷикӣ ва хориҷӣ, инчунин ҷалби сармоя мебошад.
Иштироккунандагони намоишгоҳ маълумоти заруриро дар бораи ширкат, намунаҳои маҳсулоти виртуалӣ, видеоҳо ва ғайра бо забонҳои русӣ ва англисӣ пешниҳод менамоянд.
Дар платформаи намоишгоҳи мазкур дигар маълумоти муфид ва истинод барои ширкатҳои хориҷӣ, аз ҷумла маълумот оид ба имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда мешаванд.
Хоҳишмандон барои боздид аз намоишгоҳи онлайнии «Made in Tajikistan» метавонанд ба суроғаи www.expotajikistan.tj ворид шаванд.
АМИТ «Ховар»