Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст шуд. Дар ин давр 132 нафар иштирок намуда, 9 нафар ғолиб гардид. Барои ширкати фаъолона дар озмун ғолибони даври вилоятӣ аз ҷониби раиси вилоят, идораи рӯзномаи «Бадахшон», идораи телевизион ва радиои вилоят, раёсатҳои маорифу ҷавонон бо ифтихорнома ва мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуданд. Дар ин бора аз шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ВМКБ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Тибқи хулосаи ҳакамон, дар номинатсияи “Аз ёд кардану хондани осори адибони классикии тоҷик” Ориёнпури Султоншо – хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 22-и ноҳияи Рӯшон ва Ҳикматулло Ҳабибуллоҳзода – хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-и ноҳияи Дарвоз, дар номинатсияи “Аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик” Умар Орзуев – хонандаи МТМУ рақами 19-и ноҳияи Ванҷ ва Шаҳодати Саидҷалол – хонандаи МТМУ рақами 21-и ноҳияи Дарвоз, дар номинатсияи “Аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик” Шаҳина Маҳбатқадамова – хонандаи МТМУ рақами 11-и ноҳияи Шуғнон ва Зулфияи Сайёд – хонандаи МТМУ рақами 9-и ноҳияи Роштқалъа, дар номинатсияи “Аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон” Шарифамо Одинамамадова ва Савриноз Файзуллобекова аз литсейи Оғохон сазовори ҷои аввал ва иштирокчии даври чорум гардиданд.
Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ВМКБ Зунайда Раҷабова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки имсол дар озмун доираи васеи одамон– тарбиятгирандагон ва хонандагони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯён, омӯзгорон ва намояндагони касбу кори гуногун ширкат варзиданд.
Озмуни мазкур тайи ду сол аст, ки дар мамлакат ва дар ВМКБ баргузор мешавад. Роҳандозии озмун воситаи тавонои тарғиби китобхонӣ ва давом додани анъанаи неки ниёгон – рӯ овардан ба китобу китобхонӣ буда, барои баланд бардоштани маърифатнокии ҷомеа созгор ва саривақтист.
Ёдовар мешавем, ки даври чоруми озмуни мазкур моҳи декабр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад ва ғолибони даври сеюм аз ҳамаи шаҳру навоҳии мамлакат дар он иштирок менамоянд.
Тавре дар Низомномаи озмун омадааст: «Барои иштирок дар даври чоруми озмун ба комиссия ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
—маълумоти мухтасар дар бораи иштирокчӣ;
— рӯйхати асарҳои мутолиашуда;
— миқдори ашъори азёдшуда;
— нусхаи чопӣ ва ё дастхати ашъори азёдкарда ва мазмуни мухтасари китобҳои мутолиакарда бо зикри муаллиф ва номи асар;
— суратҷаласаи ҳайати ҳакамони даври сеюми озмун».
Бояд тазаккур дод, ки дар даври чоруми озмун байни ғолибони номинатсияҳо сабқат барои дарёфти Шоҳҷоиза сурат мегирад. Шоҳҷоиза ба иштирокчие дода мешавад, ки аз чор номинатсия беш аз 70 фоизи осори назмию насриро мутолиа ва ҳифз намудааст.
АМИТ «Ховар»