«ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ»: Аксияи ҷавонону варзишгарони Бадахшон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти унвони «Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистони азиз» бо иштироки гирандагони стипендияи президентӣ, ҷавонони гуногункасб, варзишгарони вилоят, донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ, сарбозони қисмҳои низомӣ, аъзои филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилоят ва донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ аксияи ҷавонону варзишгарон баргузор гардид. Дар ин бора аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Аксияро масъулини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ намуданд. Зимни он  муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода вобаста ба сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфт.

Назира Амирбекзода иброз дошт, ки ҷавонони тоҷик ба рамзҳои муқаддас ва арзишҳои миллӣ эҳтироми хосса доранд, ба таъриху тамаддун ва фарҳанги волои миллат арҷгузор ҳастанд, аз неъматҳо ва дастовардҳои гаронбаҳои истиқлолу ваҳдати миллӣ шукргузоранд, тамоми саъю талоши онҳо баҳри ободиву созандагӣ равона гаштааст, номбардору парчамафрози ин давлати маҳбуб дар арсаи ҷаҳонӣ ҳастанд, бар зидди ҳама гуна ҳодисаҳои номатлуб мубориза бурда, амалҳои хиёнаткорона ва ифротгароёнаро маҳкум менамоянд ва дар ҷамъомадҳои давлативу ҷамъиятӣ ва сиёсиву фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолона доранд.

“Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бояд рисолати таърихӣ, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар фарди ҷомеа бошад. Итминони комил дорем, ки минбаъд низ ҳар фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарвари тоҷик, хусусан ҷавонони шуҷои мамлакат аз Парчами миллии худ ифтихор менамоянд, эҳтироми онро ҳамчун рамзи давлату давлатдорӣ ва озодиву истиқлоли Ватан ба ҷо оварда, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба наслҳои оянда мерос мегузоранд”,-гуфт муовини раиси вилоят.

Ҳамзамон маърӯзачиён дар мавзӯъҳои “Парчами давлатӣ- ифтихори миллӣ ва рамзи Истиқлол”, “Парчам -рамзи давлатдории миллӣ”, «Парчам -рамзи муқаддаси Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Аз таърихи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ” ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хоруғ шеърҳои худро дар мавзӯи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қироат намуданд.

Дар ҷараёни ҳамоиш як гурӯҳ ҷавонону варзишгарони фаъол бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: