Сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон ба Рам Натҳ Ковинд дар шакли видеоконфронс Эътимоднома супорид

20 ноябр дар Деҳлӣ маросими супоридани эътимодномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Луқмон Бобокалонзода ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натҳ Ковинд дар шакли видеоконфронс баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни маросим Сафир таманниёти неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон расонид. Ҳамзамон  таъкид гардид, ки муносибатҳои ҳасанаи дуҷониба дар сатҳи олӣ ва зарфияти то ҳол истифоданашуда имконияти фарохро ҷиҳати вусъатбахшии робитаҳо байни ду кишвар фароҳам меоваранд.

АМИТ «Ховар»

Tags: