Мирзоҷамил Рамазонов ва Ҳақназар Назаров аз Чемпионати кушоди Русия оид ба гӯштингирӣ бо медали тилло ба Ватан бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик  Мирзоҷамил Рамазонов ва Ҳақназар Назаров   дар аввалин Чемпионати кушоди Русия оид ба гӯштингирӣ, ки 21-22 июл  дар маркази ҷудои «Батир»-и шаҳри Қазони  Русия баргузор гардид, соҳиби медалҳои  тилло шуданд.  

Паҳлавонони тоҷик Ҳақназар Назаров дар вазни то 90 кг ва Мирзоҷамил Рамазонов дар вазни то 75 кг дар ин мусобиқа маҳорати хуб нишон дода, бар ҳарифонашон пайи ҳам ғолиб омаданд ва мақоми аввал ва  унвони чемпиониро сазовор гардиданд.

Хотиррасон мешавем, ки дар  Чемпионати кушоди Русия оид ба гӯштингирӣ котиби генералии Федератсияи миллии гӯштингирии Тоҷикистон Абдулло Саидхоҷаев, муовини вазири варзиши Ҷумҳурии Тотористон Халил Шайхутдинов ва дигар шахсони расмӣ иштирок  доштанд.

Tags: