Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим барои солҳои 2011-2020 натиҷагирӣ гардид

10 ноябр  дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор  шуда, зимни он «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим барои солҳои 2011-2020» мавриди натиҷагирӣ қарор гирифт. Дар ҷаласа сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва ёрии фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров, директори Муассисаи давлатии  «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим» Парвина Мухторова, директорони марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим дар шаҳру ноҳияҳо ва  намояндагони якчанд вазорату идораҳо иштирок намуданд.  

Директори Муассисаи давлатии  «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим» Парвина Мухторова иброз намуд, ки мақсади татбиқи  «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим барои солҳои 2011-2020»- ин ташаккули муносибати нави шаҳрвандон тавассути принсипҳои тарзи ҳаёти солим, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббии сокинони мамлакат, тағйири рафтор нисбат ба саломатии хеш, дарки моҳияти тарзи ҳаёти солим, татбиқи барномаҳои самараноки минтақавӣ оид ба ташаккули тарзи ҳаёти солим, такмили системаи тайёркунӣ, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани ихтисоси мутахассисони соҳаҳои гуногун оид ба масъалаҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим, такмили сохтор ва таъсиси заминаи моддию техникии марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани самаранокии кори онҳо мебошад.

«Ҷиҳати амалисозии барномаи мазкур ва ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳои мамлакат дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ва гурӯҳи мониторингӣ таъсис дода шуда, дар ҳайати он намояндагони вазорату идораҳои дахлдор шомил мебошанд. Шӯрои мазкур мувофиқи Низомномаи худ аз соли 2011 то соли 2020 17 маротиба, шӯроҳои вилоятӣ 71 маротиба, дар шаҳру ноҳияҳо 692 маротиба ҷаласа гузаронида,  натиҷаи гузаронидани мониторинг оид ба татбиқи барномаи мазкур ва масъалаҳои марбут ба соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд»,- гуфт номбурда.

Иттилоъ дода шуд, ки тайи 10 соли охир оид ба пешгирии бемориҳо 11 ҳазору  557 барномаҳои телевизионӣ, 8 798  барномаҳои радиоӣ таҳия ва пахш карда шуда, инчунин дар рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳру ноҳиявӣ 16 782 мақолаҳои тиббӣ ба нашр расиданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: