Имрӯз бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ амалӣ баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ доданд, дар конфронс муовини Вазири корҳои дохилӣ Икром Умарзода зимни табрики кормандон бо ин ҷашни фархунда гуфт: «Ҳар як фарди баномуси ин давлату сарзамин бояд парчами кишвари худро азизу муқаддас дошта, бо амалҳои неку созандаи худ парчамбардори миллату давлат гардад. Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба ин рамзи муқаддаси миллӣ — Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтироми хосса дошта, дар иҷрои вазифаҳои хизматии худ баҳри таъмини ҳуқуқҳо, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлату миллат, тартибу низом устуворона қадам ниҳода, дар пешрафту нумӯи кишварамон нақши босазои худро мегузоранд».
Ҳасан Шерализода, сардабири ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа» зикр кард, ки «бисту чор сол муқаддам парчами давлатӣ дар толори Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон якдилона қабул гардид. Он имрӯз мояи ифтихору сарбаландии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад».
Мавриди ёдоварист, ки 29 октябри соли 2009 дар конфронс бахшида ба 15-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили Рӯзи Парчами миллии Тоҷикистон ҳамчун иди миллӣ пешниҳод гардида, бори нахуст он 24 ноябри соли 2009 бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлолию соҳибихтиёрӣ ҷашн гирифта шуд.
АМИТ «Ховар»