Бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Озмоишгоҳи миллии референсии мамлакат мутахассиси лоиҳаи «Дастгирии ташхиси SARS-CoV-2 дар Тоҷикистон тавассути интиқоли ноу-хау ва маводи озмоишӣ» Иммануэл Лейфер ба Озмоишгоҳи миллии референсӣ омад.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мақсад аз ташрифи мутахассиси немис ба Тоҷикистон табодули таҷриба бо мутахассисони озмоишгоҳҳои мамлакат, хусусан мутахассисони Озмоишгоҳи миллии референсӣ дар самти ташхис ва табобати гирифторони бемории COVID-19 мебошад.
Иммануэл Лейфер иброз намуд, ки пас аз анҷоми давраи омӯзишӣ дар самти боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти Озмоишгоҳи миллии референсӣ дар ташхиси бемории COVID-19 кумак мерасонад.
Ҳамчунин мутахассиси лоиҳаи «Дастгирии ташхиси SARS-CoV-2 дар Тоҷикистон тавассути интиқоли ноу-хау ва маводи озмоишӣ» Иммануэл Лейфер бо худ 3 ҳазор тести ташхисӣ барои омӯзиш оварда, онро дастраси Озмоишгоҳи миллии референсӣ гардонид.
Бояд гуфт, ки давраи омӯзишии мутахассиси лоиҳаи «Дастгирии ташхиси SARS-CoV-2 дар Тоҷикистон тавассути интиқоли ноу-хау ва маводи озмоишӣ» Иммануэл Лейфер бо мутахассисони Озмоишгоҳи миллии референсӣ то 2 ноябр идома меёбад.
АМИТ «Ховар»