17 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, анвои меваю сабзавоти сардхона боздид карда, дар чорабинии Иди меҳргони вилояти Суғд иштирок карданд.
Дар намоишгоҳ сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки имрӯзҳо дар ҳама бахшҳои кишоварзӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат — таъмини амнияти озуқаворӣ обу заминро самараноку оқилона истифода мебаранд, самари меҳнати худро ба маъраз гузоштанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо маҳсули заҳмати сокинони 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати истеҳсолу захираи кофии маводи ғизоӣ, хӯроки чорво, афзоиши иқтидори истеҳсолии хоҷагиҳо, таъмини бозорҳои кишвар бо маҳсулоти тару тозаи босифат ва содироти ба хориҷи кишвар дастуру супоришҳо доданд.
Бахусус дар шароити имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулинро ба таъмини нақшаи кишти маҳсулоти кишоварзӣ, 40 фоиз зиёд кардани кишти картошка ва 60 фоиз афзоиш додани кишти зироатҳо, аз ҷумла ғалладонагиҳо ҷалб карданд.
Зимни тамошои намоишгоҳ иттилоъ дода шуд, ки ба ҳолати 1 октябри соли 2020 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба маблағи 7,4 млрд сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, афзоиш 107,8 фоизро ташкил медиҳад.
Истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 287 ҳазор тонна, картошка 344 ҳазор тонна, сабзавот 431 ҳазор тонна, полезиҳо 138 ҳазор тонна расида, истеҳсоли мева, асал, гушту шир, тухми парранда,гушти моҳӣ афзоиш дода шудааст.
Алҳол ҷамъоварии давраи тирамоҳии маҳсулоти кишоварзӣ ҷараён дошта, ҳосили мавҷуда аз афзоиши ҳаҷми истеҳсоли шолӣ, ҷуворимакка, анвои лубиёгиҳо-лубиё, мошу нахуд дар кишти такрорӣ пешбини гардидааст.
Хоҷагиҳои кишоварзӣ, корхонаҳои коркарди меваю сабзавот, коргоҳҳои банду басти меваи хушк, сабзавот, асал ва соҳибкорони инфиродӣ намунаҳои маҳсулоти кишоварзиро дар иди Меҳргон — ҳамчун иди ҳосилу фаровонӣ муаррифӣ намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми кишоварзон ва корхонаҳои соҳаи коркарди вилоятро дар афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ арзанда арзёбӣ намуданд.
Ин натиҷаи истифодаи оқилонаи обу замин, баланд бардоштани маданияти заминдорӣ, ба гардиши кишоварзӣ баргардонидани заминҳои бекорхобида, истифодаи тухмӣ, ҷорӣ намудани агротехникаю технологияҳои пешрафта, заҳмату кордонӣ ва маҳорати кишоварзон мебошад.
Маҳсулоти кишоварзони вилоят дар бозори давлатҳои хориҷӣ низ талабгорони зиёд дорад. Хусусан ба меваю сабзавоти аз нигоҳи экологӣ тоза, меваю сабзавоти хушкгардида, баъди коркарду банду баст ба ҳаҷми зиёд содирот карда мешаванд.
Имрӯз дар вилояти Суғд 70 ҳазор гектар боғ мавҷуд аст, ки аз он қариб 51 ҳазор гектараш ҳосилдиҳанда мебошад.
Тибқи барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солхои 2016-2020 бунёди 230 гектар боғу токзори нав дар соли 2020 пешбинӣ гардида, ин нишондод 528 гектар иҷро ва нисбати барнома 2,3 маротиба зиёд мебошад.
Захираи маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус ғалла, картошка, мева, ангур, сабзавот, полезиҳо аз роҳу имкониятҳо таъмини бозори истеъмолӣ бо нарҳои дастрас мебошад. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд беш аз 30 амбор — сардхонаҳои саноатӣ мавҷуд аст.
Ин сардхонаҳо имкон доранд то 10 ҳазор тонна маҳсулот захира намоянд.
Дар намоишгоҳ намунаҳои анвои маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар сардхонаҳо захира карда мешаванд, муаррифӣ гардид.
Намоишҳои дастовардҳои кишоварзони вилоят дар доираи ҷашни Меҳргон баргузор карда шуд.
Ҷашни Меҳргон дар радифи Наврӯз ва Сада аз идҳои қадимаи тоҷикон буда, ба шарофати Истиқлоли давлатӣ дубора эҳё гардида, таҷассумгари файзу баракати кори кишоварзон ва иди ҷамъоварии ҳосил мебошад.
Дар ин давра ҳосили кишоварзон ҷамъоварӣ ва ба хотири фаровонӣ ба кишти тирамоҳӣ вусъат бахшида мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишоварзони вилоятро барои истифодаи самараноки заминҳо ва боз ҳам афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҳидоят намуданд.
АМИТ «Ховар»