Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон боғи фарҳангӣ-фароғатии шоҳ Исмоили Сомониро дар ноҳияи Шаҳринав ифтитоҳ намуданд

30 сентябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳринав Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Шаҳринав ҳамчунин боғи фарҳангӣ-фароғатии Шоҳ Исмоили Сомониро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти мазкур аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав дар якҷоягӣ бо соҳибкорону шахсони саховатпеша дар масоҳати умумии 1,98 гектар бунёд шудааст. Тадбири мазкур яке аз бандҳои нақшаи корӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Корҳои сохтмонӣ ҳанӯз аввали соли равон оғоз гардида, иншоот дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд ба итмом расонида шуд.

Дар боғи фарҳангӣ-фароғатӣ тамоми маҳсулоти сохтмонӣ сирф ватанӣ буда, корҳои бунёдӣ аз ҷониби сохтмончиёни маҳаллӣ иҷро гардидаанд.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат ҳамчунин аз пайкараи тозабунёди Асосгузори аввалин давлати тоҷикон- Шоҳ Исмоили Сомонӣ пардабардорӣ намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки пайкараи Шоҳ Исмоили Сомонӣ бо дарназардошти зерибиноаш 5 метрро ташкил дода, он аз ҷониби рассом, ҳайкалтарош Сафарбек Қосимов таҳия шудааст.

Қомат афрохтани муҷассамаи бунёдгузори давлати тоҷикон Шоҳ Исмоили Сомонӣ дар маркази боғ ба ҳусни ин макони фарҳангӣ зебоии дигар зам намуда, шаҳодати ҳифзу нигоҳдории арзишҳои миллӣ ва эҳтиром ба гузаштагон аст.

Зимни шиносоӣ Пешвои муаззами миллат ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ифтитоҳи боғи мазкурро дар маркази ноҳия ҷиҳати рушд ва густариши соҳаи фарҳанг неку назаррас маънидод намуданд. Таъкид карда шуд, ки боғи Исмоили Сомонӣ дар ноҳияи Шаҳринав яке аз маконҳои асосии баргузории ҷашну чорабиниҳои давлатию миллӣ ба ҳисоб рафта, ҳамчунин барои истироҳату фароғати сокинон имконоти мусоид фароҳам гардидааст.

7 адад аттраксион барои бозии кӯдакон, беш аз 40 нишастгоҳ, ҳайкали 10 ҳайвончаи афсонавӣ ва амсоли инҳо дар дохили боғ барои истироҳату фароғати бошандагони ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.

Ба масъалаи сабзазор кардани иншооти тозабунёд таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардида, зиёда аз 10 ҳазор метри мураббаъ бо гулу дарахтони ороишию сояафкан оро дода шудааст, ки ба ҳусни гулгашти мазкур таровати тоза зам менамояд. Бо назардошти талаботи меъморию шаҳрсозӣ тамоми роҳраву гузаргоҳҳои дохилу атрофи боғи Исмоили Сомонӣ сафолакпӯш гардида, ҳамзамон чароғон карда шудааст, ки ҳангоми сайругашти шабона мусоид мебошад.

Дар ҳамин росто Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва натиҷаи заҳмати чирадастони ноҳия дидан карда, ба маҳорати волои бонувони ноҳия баҳои баланд доданд.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки дар доираи эълони сесолаи рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳунармандони мардумӣ бояд пурмасъулият бошанд ва дар ҳифзу эҳёи ҳунарҳои аҷдодӣ саҳми назаррас гузоранд.

Таъкид кардан бамаврид аст, ки дар ноҳияи Шаҳринав то истиқболи сазовори ҷашни 30 — солагии Истиқлоли давлатӣ бунёди беш аз 434 иншоот ба нақша гирифта шудааст. То ба имрӯз аллакай 285-тои он мавриди истифода қарор дода шуда, дар боқимонда иншоот корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.

АМИТ «Ховар»

Tags: