Дар моҳи январ 57 207 тонна ангишт истихроҷ шудааст

Мувофиқи маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави кивашр истихроҷи ангишт аз аввали сол то 1 феврали соли ҷорӣ ба 57 207 тонна расонида, нисбати ҳамин давраи соли сипаригардида 22 833 тонна зиёд мебошад.

Ба иттилои манбаъ захираи ангишт то 1 феврали соли равон дар анбори корхонаҳои соҳа бо назардошти бақияи соли сипаригардида 178 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
“Фурӯши ангишт дар ин давра ба 34,4 ҳазор тонна расонида, 53 фоизи он ба Маркази барқу-гармидиҳии Душанбе-2 рост меояд”, - меафзояд, сарчашма.
Гуфта мешавад, инчунин корхонаи фаръии «Кони ангишти Зиддӣ» дар соли ҷорӣ аз фаъолияти мавсимӣ ба доимӣ гузашт, ки ин нисбати соли гузашта истихроҷи ангиштро зиёд намуд.
Соли гузашта истихроҷи ангишт моҳи июн оғоз гардида, дар 1 сол 68 844 тоннаро ташкил дода буд. Дар соли равон бошад, истихроҷ алакай ба 10219 тонна расида, захираи ангишт дар анбор бо назардошти бақия 13605 тоннаро ташкил медиҳад.

Tags: