Таъиноти кадрӣ

Имрӯз
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон дар сатҳи роҳбарии мақомоти иҷроияи
маҳаллии ҳокимияти давлатии як қатор шаҳру ноҳияҳои
вилояти Хатлон ва дигар сохторҳои давлатӣ тағйироти
кадрӣ ба амал оварданд.
Ҳамин тавр мутобиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштан раиси
шаҳри Сарбанд Чиллазода Қарахон, раиси ноҳияи
Темурмалик Гулмаҳмадзода Мирзохон, раиси ноҳияи
Фархор Раҳимзода Раъно ва раиси ноҳияи Қубодиёни
вилояти Хатлон Абдураҳмонзода Саидумрон Назар аз
вазифа озод карда шуданд.
Тибқи фармонҳои дигари Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Файзуллозода Зафар Хайрулло —
иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Қубодиён, Вализода
Сулаймон Кабут — иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи
Фархор ва Самизода Санавбар Зайнулло — иҷрокунандаи
вазифаи раиси шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон таъин
гардиданд.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслзода
Эмомиддин Муҳриддин бо сабаби ба кори дигар
гузаштанаш аз вазифаи муовини Вазири энергетика ва
захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва бо Фармони
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрокунандаи
вазифаи раиси ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон
таъин карда шуд.
Ҳамчунин тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Абдураҳмонзода Саидумрон Назар — муовини Раиси
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон таъин гардид.