Пешгӯии Агентии обуҳавошиноӣ ва ҳушдори КҲФ: дар Тоҷикистон вазъи ҳаво якбора тағйир меёбад

Тибқи пешгӯиҳои Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, аз 28 то 30 сентябр дар шаҳру навоҳии мамлакат вазъи ҳаво якбора тағйир ёфта, фаромадани ҳарорати ҳаво ва боридани боронҳои шиддатнок  дар назар дошта шудааст.

Сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ дар суҳбат бо мо иброз намуд, ки ҳангоми боридани борони бошиддат дар кӯҳҳо баъзе ҳодисаҳои табиӣ  рух  медиҳанд. Асосан дар роҳҳои кӯҳӣ эҳтимоли фаромадани сангрезӣ ва дар баъзе аз минтақаҳо фаромадани лойоба низ пешгӯӣ  карда мешавад.

Дар робита  ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва  мудофиаи граждании ҷумҳурӣ ба аҳолӣ  ҳушдор дода, ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки аз 28 то 30 сентябр  аз роҳандозии корҳои саҳроӣ ва баромадан ба кӯҳҳо худдорӣ намоянд.

Инчунин ронандагон низ дар ин рӯзҳо бояд аз сафар ба роҳҳои душворгузар худдорӣ кунанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: