Деҳқонони Қубодиён майдони кишти картошкаро дар муқоиса ба соли гузашта 100 фоиз зиёд намуданд

Кишоварзони ноҳияи Қубодиён ҷиҳати истифодаи самараноку оқилонаи ҳар ваҷаб замини корами обӣ, таъмини фаровонии бозорҳои истеъмолӣ, пешгирии болоравии нархҳо, хусусан зиёд намудани масоҳати кишт ва ҳаҷми истеҳсоли картошка дар майдони 210 гектар кишти такрории картошка гузарониданд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии раиси ноҳияи Қубодиён иттилоъ медиҳад.

Тавре сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Зулфиқор Мусурмонов иброз дошт, соли равон майдони кишти зироати кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 17108 гектарро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 100,3 фоиз зиёд мебошад. Кишоварзони ноҳия дар майдони 446,4 гектар картошка кишт намуда, дар ҳашт моҳи соли равон 7,1 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ гардид.

Профессори кафедраи «Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ»-и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Рустам Бобохонов иброз намуд, ки пеш аз он ки ба ҷамоварии картошка оғоз намоем, 15 ё 10 рӯз пеш обмониро қатъ намуда, буттаҳои онро бурида партофтан зарур аст.

«Барои он обмониро барвақттар қатъ менамоем, ки картошкаи зери хокбуда намии барзиёдро ба худ гирифта, қобилияти захира намуданаш кам мегардад. Вақте ки мо буттаҳои картошкаро намебурем, дар онҳо раванди гардиши моддаҳо ҷараён мегирад.

Дар ҳолате, ки мо буттаҳоро канда мепартоем, раванди гардиши моддаҳо барҳам мехӯрад ва пӯсти картошка сахттар шуда, дар ҳолати ҷамъоварӣ он осеб намебинад»,- афзуд номбурда.

Рустам Бобохонов зикр намуд, ки баъди ҷамъоварӣ ҳосили картошка  тӯли як шабонарӯз дар ҷойи шамолрас нигоҳ дошта шуда, баъдан дар сардхонаҳо захира карда мешавад.

АМИТ «Ховар»

Tags: