Суғд: Нақшаи тирамоҳии даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 100 фоиз иҷро шуд

Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 100 фоиз иҷро гардид. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд хабар доданд.
Даъвати тирамоҳии ҷавонон ба Артиши миллӣ моҳи октябри соли равон оғоз гардида, дар вилояти Суғд пеш аз муҳлати муайяншуда иҷро шуд.
Назар ба иттилои манбаъ, моҳҳои октябр ва ноябри соли 2016 дар ҳудуди вилоят ҷавононе, ки то рӯзи даъват ба синни 18 мерасанд, инчунин шаҳрвандони синну солашон калон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: