Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои Шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳритусро мавриди истифода қарор дода, бо лоиҳаҳои сохтмони муассисаҳои соҳаи маориф дар вилояти Хатлон шинос шуданд

Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Шуъбаи маорифи ноҳияро мавриди истифода қарор дода, бо лоиҳаҳои сохтмони муассисаҳои соҳаи маориф дар вилояти Хатлон шинос шуданд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои асосии Шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳритус аз 3 ошёна ва 10 утоқи корӣ иборат мебошад. Дар ин бино ҳамчунин Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва Маркази таҳсилоти иловагӣ ҷойгир карда шудааст.

Иншоот, ки сохтмони он соли 2018 оғоз гардида буд, бо тарҳи муосир ва сифати баланд бунёд шудааст. Зимни корҳои сохтмонӣ 20 нафар сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Дар бинои шуъба барои кормандон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Дар ошёнаи 3-юм барои баргузории маҷлису ҷамъомадҳои тантанавӣ 1 толори барҳаво бо 80 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон сохта шудаанд.

Дар баробари корҳои сохтмонӣ ба масъалаи ободу зебо гардонидани муҳити атрофи бино низ таваҷҷуҳ зоҳир гардидааст. Иншоот чароғон буда, дар атрофи он гулу бутта ва ниҳоли дарахтони ороишиву сояафкан шинонида шудааст.

Дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Шаҳритус дар маҷмӯъ 1642 омӯзгор ба хонандагон дарс мегӯянд. Аз ин шумора 1080 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Баъд аз шиносоӣ бо шароити бинои Шуъбаи маориф дар ҳамин ҷо Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаҳои сохтмони муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон шинос шуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, бунёди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маркази таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна дар назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. Маблағи умумии лоиҳа 46 миллион доллари ИМА-ро ташкил намуда, аз ҳисоби сармояи давлатӣ татбиқ мегардад. Лоиҳаи мазкур 73 иншооти соҳаи маорифро дар бар гирифта, дар доираи он 68 муассисаи таълимӣ барои 34 ҳазору 880 хонанда дар ду баст ва 5 бинои шуъбаи маориф ба истифода дода мешавад. Аз ин шумора 71 лоиҳа дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон амалӣ карда мешавад. Аз ҷумла, дар ноҳияи Муъминобод 4 муассисаи таълимӣ бо 1920 ҷойи нишаст дар ду баст, ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 2 муассисаи таълимӣ бо 960 ҷойи нишаст дар ду баст ва 1 шуъбаи маориф, ноҳияи Ҳамадонӣ 3 муассисаи таълимӣ бо 960 ҷойи нишаст дар ду баст, ноҳияи Фархор 3 муассисаи талимӣ бо 1440 ҷойи нишаст дар ду баст, ноҳияи Восеъ 7 муассисаи таълимӣ бо 3360 ҷойи нишаст дар ду баст, дар шаҳри Кӯлоб 7 муассисаи таълимӣ бо 3264 ҷойи нишаст дар ду баст, ноҳияи Шаҳритус 3 муассисаи таълимӣ бо 1440 ҷойи нишаст, ноҳияи Дӯстӣ 3 муассисаи таълимӣ бо 1440 ҷойи нишаст дар ду баст ва 1 шуъбаи маориф, ноҳияи Хуросон 3 муассисаи таълимӣ бо 1440 ҷойи нишаст дар ду баст, ноҳияи Ҷайҳун 3 муассисаи таълимӣ бо 1440 ҷойи нишаст дар ду баст ва 1 шуъбаи маориф, ноҳияи Данғара 12 муассисаи таълимӣ бо 5472 ҷойи нишаст дар ду баст, ноҳияи Темурмалик 5 муассисаи таълимӣ бо 2400 ҷойи нишаст дар ду баст ва 1 шуъбаи маориф, ноҳияи Вахш 2 муассисаи таълимӣ бо 960 ҷойи нишаст дар ду баст, ноҳияи Балҷувон 4 муассисаи таълимӣ бо 1728 ҷойи нишаст дар ду баст, ноҳияи Панҷ 2 муассисаи таълимӣ бо 1760 ҷойи нишаст дар ду баст, ноҳияи Кӯшониён 3 муассисаи таълимӣ бо 1248 ҷойи нишаст дар ду баст сохта мешаванд. Татбиқи ин лоиҳа 11 августи соли 2020 оғоз ёфта, 31 декабри соли 2024 ба анҷом мерасад.

Тӯли солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар ноҳияи Шаҳритус соҳаи маориф рушд намуда, дар ин давра даҳҳо адад мактабҳои нав бунёд гардида, бинои аксари муассисаҳои таълимӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Ҳамчунин дар назди мактабҳо синфхонаҳои иловагӣ сохта шуданд.

То таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия сохтмони боз 4 муассисаи таълимӣ бо 960 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вилоят ва масъулони Вазорати маориф ва илми мамлакат дастур доданд, ки муассисаҳои таълимии навро дар асоси талаботи муосири илмомӯзӣ бунёд намоянд.

АМИТ «Ховар»

Tags: