Дар Кӯлоб барои дарёфти Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун оғоз гардид

Дар шаҳри Кӯлоб барои дарёфти Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон байни хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумии ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ озмун оғоз гардид. Дар он 24 нафар довталабоне, ки танҳо бо баҳои аъло таҳсил намуда истодаанд, иштирок намуда, аз миёни онҳо 10 нафар ҳамчун гирандагони Стипендияи президентӣ муайян мегарданд.

Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Раиси шаҳри Кӯлоб иттилоъ медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки аз 16 то 24 сентябр бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат озмун барои дарёфти Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Озмуни мазкур ба тарзи шаффоф гузаронида шуда, дар он ба савияи дониш ва лаёқати довталабон диққати асосӣ дода мешавад.

Ҳадаф аз баргузории озмун барои дарёфти Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли хониши 2020-2021 татбиқи босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», дастгирии моддиву маънавӣ, пайдо намудани хонандагони болаёқату фаъол ва бедорсозии ҳисси хештаншиносии наврасону ҷавонон мебошад.

АМИТ «Ховар»

Tags: