Барқияи тасаллияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Жан-Мишел Фредерик Макрон

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Жан-Мишел Фредерик Макрон барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари реҳлати собиқ Президенти Франсия Жак Рене Ширак боиси андӯҳи мо гардид.

Ҷаноби Жак Рене Ширак бо фаъолияти доманадори худ дар маснади олии Президенти Ҷумҳурии Франсия ҳамчун сиёсатмадор ва шахсияти боризи давлатӣ дар арсаи байналмилалӣ обрӯву эътибори баланд пайдо карда буд.

Ҷониби Тоҷикистон саҳми марҳумро дар рушду тавсеаи равобити нек ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Франсия қадрдонӣ менамояд ва ба шахсияти ӯ сидқан эҳтиром мегузорад.

Лутфан таъзияву тасаллияти амиқи ин ҷонибро ба ҳамаи пайвандону наздикони марҳум, ҳамчунин ба тамоми мардуми дӯсти Франсия бирасонед».

АМИТ «Ховар»

Tags: