Дар ноҳияи Балҷувон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маркази хизматрасонии «Гулдастон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Қоргоҳи мазкур аз ду ошёна ва утоқҳои корӣ иборат аст. Дар ин ҷо занону бонувони чирадасти ноҳия, ки маҳорати хуби дӯзандагӣ доранд, дар баробари оне, ки ба кор ҷалб гардидаанд, ҳамчунин барои омӯзонидани ҷавондухтарон низ фаро гирифта шудаанд. Қабати якуми бино аз кошонаи ҳусн, нуқтаи фурӯши либосҳои омодашудаи коргоҳ, машваратгоҳ иборат буда, дар ошёнаи дуюм толори дӯзандагӣ бо насби 20 мошинаи дарздӯзӣ, утоқи маъмурият ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Масоҳати қитъаи замини ҷудогардида 8 садякро ташкил дода, худи бино дар масоҳати 290 метри мураббаъ аз ҷониби соҳибкори ҷавон Насимҷон Сатторов сохта шудааст. Барои бунёди бино беҳтарин маҳсулоти сохтмонии ватанӣ истифода гардида, корҳои созандагӣ пурра аз ҷониби сохтмончиёни ватанӣ иҷро гардидаанд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ дода шуд, ки ин коргоҳи дӯзандагӣ дар ноҳияи Балҷувон ягона сех аст, ки барои дӯхти либосҳои мактабӣ ва мувофиқ ба талаботи фармоишгар маҳсулот омода месозад.
Акнун баъди ба истифода додани маркази хизматрасонии «Гулдастон» қариб 30 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар ин ҷо оянда сехи дӯзандагӣ васеъ гардида, шумораи коргарон зиёд карда хоҳад шуд.
АМИТ «Ховар»