9 сентябр дар Москва, дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ (ШВКХ СҲШ) Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ мулоқот кард.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо аз сатҳи кунунии ҳамкории сиёсӣ изҳори қаноатмандӣ карданд ва самтҳои ояндаи ҳамкориро дар соҳаҳои қобили таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ намуданд.
Вазирон натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои кории муштаракро баррасӣ карда, ба мувофиқа расиданд, ки аз имконоти мавҷуда ҷиҳати афзоиши гардиши дуҷонибаи молу маҳсулот фаъолона истифода шавад.
Вазирони корҳои хориҷӣ ба масъалаи татбиқи саривақтии лоиҳаи CASA-1000 диққати махсус доданд.
Вазири корҳои хориҷии Покистон Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро бо 29-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ самимона табрик намуд.
АМИТ «Ховар»