Аз 4 то 8 сентябри соли 2020 дар Москва ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) доир гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкат варзид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷаласа ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба омодагӣ ба баргузории ҷаласаҳои Шӯрои сарони давлатҳо ва Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви СҲШ-ро баррасӣ намуданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба пешнависи Эъломияи ҷамъбастии Шӯрои сарони давлатҳо, Нақшаи амал барои солҳои 2021-2025 дар мавриди амалигардонии Роҳбурди рушди СҲШ то соли 2025 ва баёнияҳои муштараке, ки қарор аст аз ҷониби сарони давлатҳо қабул гарданд, зоҳир шуд.
АМИТ «Ховар»