Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Синои пойтахт бинои истиқоматии 12 - ошёнаро бо марказҳои савдою хизматрасонии муосир мавриди истифода қарор дод.
Бинои баландошёнаи истиқоматӣ ва марказҳои хизматрасонию савдо аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Сурайё Уроқова бо харҷи наздики 27 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст.
Фармоишгар ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Гурӯҳи Самимӣ-Констракшн мебошад, ки роҳбариашро ин бонуи кордон ба ӯҳда дорад. Корҳои сохтмонӣ соли 2014 оғоз ёфта, соли 2016 ба охир расид ва дар вақти бунёди бино аз тарафи соҳибкор то 80 нафар бо ҷойи кор ва бо маоши миёнаи аз 1400 то 1800 сомонӣ таъмин шуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар қисми поёни бинои истиқоматӣ бозори бо тарҳи зебо сохташударо, ки дар он 150 ҷойи корӣ таъсис ёфтааст, тамошо кард. Дар бозор дукону рафҳо барои таъмини сокинону меҳмонон бо меваю сабзавоти тару тоза, хушкмеваҳо, маҳсулоти нонӣ, қаннодӣ, ширу гушт ва дигар анвои хӯрока мавриди истифода қарор дода шудааст.
Дар ошёнаи якуму дуюми бинои истиқоматӣ маркази савдою хизматрасонӣ барои 160 нафар ҷойи корӣ бо маоши миёнаи 1200 - 1800 сомонӣ, аз қабили маркази хизматрасонии бонкии Бонки байналмилалии Тоҷикистон бо 7 ҷойи корӣ, Ассотсиатсияи соҳибкории инноватсионӣ ва технологӣ бо 8 ҷойи корӣ, сехи дӯзандагӣ бо 20 ҷойи корӣ, дуконҳои тиҷоратӣ бо 100 ҷойи корӣ ва маркази дилхӯшии кӯдакон ташкил карда шудааст.
Бинои истиқоматӣ аз 12 ошёна, 96 хонаи 1, 2 ва 3 ҳуҷрагӣ иборат мебошад. Ҳуҷраҳо ба таври муосир хеле зебову барҳаво сохта шуда, ба талаботи рӯз ҷавобгӯ мебошад.
Имкони бунёди бино ва таъсиси ҷойҳои кориро Сурайё Уроқова аз дастгирии Ҳукумати кишвар аз соҳибкории хурду миёна медонад, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳайё шудааст.
Масоҳати умумии қитъаи замин, ки дар он бинои баландошёнаи истиқоматӣ бунёд шудааст, қариб 1 гектарро ташкил медиҳад. Дар ҳудуди ин иншооти муосир истгоҳ барои 70 мошини мизоҷони марказҳои савдо ва таваққуфгоҳ бо 30 ҷой барои нақлиёти сокинони бинои истиқоматӣ сохта шудааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкор Сурайё Уроқова баҳри бунёди бинои истиқоматӣ ва аз ҳама асос таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ки боиси некуаҳволии як зумра шаҳрвандон мегардад, баҳои баланд дод.