Дар Хуҷанд гимназияи нав ба фаъолият оғоз намуд

Дар арафаи соли нави таҳсил дар шаҳри Хуҷанд​ Муассисаи нави таълимӣ-Гимназияи «Эҳёи маънавият» ба фаъолият оғоз намуд, ки дар маросими ифтитоҳи он роҳбарияти шаҳр ва кормандони соҳаи маориф ширкат варзиданд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Зимни ифтитоҳи муассисаи таълимӣ иброз гардид, ки​ ​ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон​ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму маориф эътибори махсус дода, барои пешрафти ин соҳаи афзалиятнок тадбирҳои зарурӣ меандешад. Таҷрибаи мавҷудияти инсоният собит месозад, ки афроди босаводу донишманд барои ҳар давлату миллат сарвати бебаҳо ва неруи тавонои зеҳнӣ ба шумор мераванд, бинобар ин, дар асоси таҷрибаи таърихиву арзишҳои миллӣ тарбия намудани насли ояндасоз вазифаи ҷонии устод, омӯзгор ва мураббӣ маҳсуб мешавад.

Гимназияи «Эҳёи маънавият» аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Нуринисо Ҷӯраева дар бинои 4-ошёна таъсис ёфта, аз 33 синфхона, толори тамрин, майдончаи варзишӣ, ошхона, толори фарҳанг ва дигар инфрасохтори таълимӣ иборат мебошад. Дар соли хониши 2020-2021 дар он ҳамагӣ 40 нафар хонанда ба синфҳои 1, 2, 3, 5 ва 6 қабул шудаанд.

Дар гимназияи мазкур 18 нафар корманд, аз ҷумла 12 нафар омўзгор бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд.​

АМИТ «Ховар»

Tags: