Беш аз 220 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Қазоқистон ба Ватан оварда шуданд

Дирӯз  дар партави дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 221 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бино бар баста будани марзҳо дар гузаргоҳи «Жибек Жоли»-и сарҳади давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон муваққатан дармонда буданд, бо нақлиёти автомобилӣ ба Ватан баргардонида шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, 10 август 182 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз Алмато ба Душанбе баргардонида шуданд.

Бояд гуфт, ки аз 16 марти соли 2020 бинобар эълон гардидани вазъияти фавқулода дар Қазоқистон ва ҷорӣ шудани чораҳои маҳдудкунанда дар Ӯзбекистон бар асари пандемияи COVID-19 барои ворид шудан ба ҳудуди ин ду давлат маҳдудиятҳо ҷорӣ шудаанд.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, бо дастур ва супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи пандемияи COVID-19 тақрибан 17 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо сабаби қатъ шудани парвозҳои байналмилалӣ дар кишварҳои хориҷӣ дармонда буданд, ба Ватан оварда шуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: