Дар Суғд дар беш аз 74 ҳазор гектар ғалла дарав карда шудааст

Имрӯзҳо дар майдонҳои кишоварзии вилояти Суғд ҷамъоварии ғалла бомаром идома дошта, то 11 август дар 7 шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод, Конибодом, Мастчоҳ, Спитамен ва Ҷ.Расулов нақшаи дарави ғалла пурра иҷро гардидааст. Дар ин бора ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати идораи кишоварзии вилоят хабар доданд.

Масоҳати калонтарини дарави ғалла дар вилоят дар шаҳру ноҳияҳои Деваштич — 28418 га, Истаравшан –17186 га, Шаҳристон –10814 га ва Панҷакент –5955 гектарро дар бар гирифта, имрӯзҳо вобаста аз боду ҳавои мусоид дар ҳафт минтақаи боқимондаи вилоят  маъракаи дарав ҷараён дорад.

Аз ҷумла, дарави ғалла дар шаҳру ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ 99,4%, Исфара -96,4%, Панҷакент -95,8%, Айнӣ -89,2%, Истаравшан -83,1%, Деваштич -79,0% ва Шаҳристон -68,3 фоиз иҷро шудааст.

Зикр гардид, ки то имрӯз дар вилоят 164 487 тонна ғалла истеҳсол гардида, ҳосилнокии он аз ҳар гектар 22,6 сентнериро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, аз заминҳои обӣ 84914,3 тонна ғалла ҷамъоварӣ гардида, ҳосилнокии он ба 32,8 сентнер баробар аст.

Дар маҷмӯъ, имсол дар миқёси вилояти Суғд майдони дарав 87 096 гектарро ташкил дода, ҳамарӯза дар 723 гектар дарав ба иҷро мерасад. То имрӯз дар майдони 74477 гектар ҷамъоварии ғалла ба иҷро расонида шудааст, ки он ба 85,5% нақша баробар буда, 25923 гектарашро заминҳои обӣ ташкил медиҳад.

АМИТ «Ховар»

Tags: