17 август дар мамлакат муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ба фаъолият оғоз менамоянд. Ин тасмим 11 август аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар мамлакат расман эълон гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Вазорати мазкур ба тамоми сарраёсат, раёсат ва шуъбаҳои маориф эълон намуд, ки кӯдакистонҳо низ дар асоси «Тавсияҳои умумӣ барои муассисаҳои таълимӣ вобаста ба вазъи бемории сироятии коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба фаъолият оғоз менамоянд.
Дар тавзеҳоти Вазорати маориф ва илм омадааст, ки бурдани кӯдакон ба кӯдакистонҳо ихтиёрӣ буда, падару модароне, ки имконияти дар хона тарбия ва нигоҳ доштани кӯдакро доранд, метавонанд то ба эътидол омадани вазъият онҳоро ба кӯдакистон набаранд. Дар чунин ҳолат ҷойи кӯдак дар кӯдакистон нигоҳ дошта мешавад. Илова ба ин, дар ин муддат маблағ барои нигоҳубини кӯдак пардохт карда намешавад.
Ҳамчунин дар Тавсияҳои умумӣ омадааст, ки «қабули кӯдакон аз даромадгоҳи ҳавлии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шавад, ба дохили бинои муассиса даромадани падару модар ва шахсони бегона қатъиян манъ карда шавад, кормандон баробари ба кор оғоз намудани муассисаҳои томактабӣ ҳатман аз ташхиси таббӣ гузаронида шаванд, гурӯҳҳо ва айвончаҳо, ошхонаҳо ва ҳоҷатхонаҳо безарар ва тоза нигоҳ дошта шаванд ва машғулиятҳо бо назардошти риояи қоидаҳои санитарӣ- эпидиомологӣ дар саҳни ҳавлӣ ва айвончаҳои тобистона гузаронида шаванд».
Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба оғози дарсҳо дар муассисаҳои таълимӣ ҳамзамон ба суолҳои хабарнигорон ва истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ, аз қабили вақти баргузории дарсҳо, қайди мавзӯъҳо дар журналҳои синфӣ, баргузории дарсҳо вобаста ба мавзӯъҳо тибқи барномаи таълимӣ, тақсимоти чорякҳо ва таътилҳои мавсимӣ, аз муоинаи тиббӣ гузаштани омӯзгорон, назорати риояи қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ ва ба фаъолият шурӯъ намудани муассисаҳои томактабӣ, ки гӯё барои бархеҳо норавшан боқӣ мондааст, чунин посух додааст:
Дар қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи «Тартиби омодагӣ ва баргузории Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Тавсияҳои умумӣ барои муассисаҳои таълимӣ вобаста ба вазъи бемории сироятии коронавирус «COVID-19» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ҳуҷҷати дигар –«Вақти баргузории дарс дар муассисаҳои таълимии зинаи умумӣ» замима шудааст, ки дар он низоми дарсҳо аз рӯйи 3 Тавсия нишон дода шудааст ва танҳо Тавсияи 1 мавриди амал қарор мегирад.
Дар Тавсияи якум тибқи муқаррарот ва стандарти ҷорӣ гуфта мешавад, ки «давомнокии дарсҳо дар муассисаи таълимӣ барои синфҳои якум 35 дақиқа, барои синфҳои 2-11 на зиёда аз 45 дақиқаро ташкил медиҳад. Машғулиятҳои таълимӣ дар муассисаи таҳсилоти умумӣ дар басти якум соати 8:00 оғоз ёфта, соати 12:55 ба анҷом мерасад. Басти дуюм соати 13:10 оғоз шуда, соати 17:55 ба анҷом мерасад».
Дарсҳо аз рӯйи барномаи таълимии тарҳрезишуда мувофиқ ба барнома ва нақшаи таълимӣ роҳандозӣ мегарданд. Барномаи мазкур аз ҷониби Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ва Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илм барои аз 17 то 31 августи соли равон таҳия гардида, дастраси сарраёсат, раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо гардонида шудааст. Барномаи омӯзишӣ барои муассисаҳои таълимие, ки забони таълимашон ғайритоҷикӣ аст, низ омода ва дастраси омӯзгорон гардонда шудааст. Чорякҳо ва таътилҳои мавсимӣ низ тибқи муқаррарот — Низомномаи намунавии таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бетағйир боқӣ мемонанд.
Аз муоинаи тиббӣ гузаронидани омӯзгорон дар ҳама ҳолат тибқи Кодекси меҳнат ба роҳ монда шуда, риояи қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ аз ҷониби Шӯрои ҳамоҳангсози муассисаи таълимӣ назорат карда мешавад.
Дар банди 4-уми «Зинаи таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва баъдидипломӣ»-и ҳуҷҷати мазкур омадааст, ки «барои тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат, ки дар низоми таҳсилоти кредитӣ фаъолият менамоянд, тибқи Стандарту барномаҳои таълимӣ дар як ҳафта дар ҳаҷми 15 соат ва дар як рӯз дар ҳаҷми 3 соат дарсҳои фаъол ташкил ва ба роҳ монда шаванд (тибқи талаботи нақшаи таълимӣ дар як нимсолаи таҳсил аз теъдоди умумии 720 соати ҷудогардида 240 соат дарсҳои фаъоли аудиторӣ, 240 соат кори мустақилонаи донишҷӯ бо роҳбарии омӯзгор ва 240 соат кори мустақилонаи донишҷӯ мебошад, ки дар як ҳафта ба 15 соат баробар аст).
Раванди таълим дар зинаи магистратура ва докторантура, докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) дар асоси Стандарту барномаҳои таълимӣ ба роҳ монда шавад.
Ёдовар мешавем, ки дар қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи «Тартиби омодагӣ ва баргузории Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Тавсияҳои умумӣ барои муассисаҳои таълимӣ вобаста ба вазъи бемории сироятии коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тамоми паҳлуҳои масъала ба хубӣ дарҷ гардидааст.
АМИТ «Ховар»