«Суғд Текстайлз» фаъолияти худро тавсеа мебахшад

Корхонаи ресандагии «Суғд  Текстайлз» воқеъ дар шимоли Тоҷикистон  тасмим дорад, ки дар оянда фаъолияти худро тақвият бахшида,  то 350 нафарро бо ҷойи кор таъмин намояд. Ин матлаб зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмазода аз корхонаи «Суғд Текстайлз» зикр гардид.

Таъкид шуд, ки дар ин самт корхонаи азими саноатӣ марҳала ба марҳала фаъолияти худро васеъ менамояд. Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо вазъи кунунии корхонаи ресандагӣ, ташаббуси моликони корхонаро ҷиҳати фаъолсозии он фоли нек арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки барои то коркардаи ниҳоӣ расонидани пахта тадбирҳо андешанд.

Иқтидори корхонаи «Суғд Текстайлз» беш аз 8 тонна пахта  дар як шабонарӯз буда, маҳсулоти худро ба хориҷа содирот хоҳад намуд. Дар марҳалаи аввал бо фаъол гардидани яканд коргоҳи истеҳсолӣ 80 нафар соҳиби ҷойи кор шудаанд ва ҳоло ҷараёни истеҳсолот зери назорати мутахассисон қарор дорад.

Таъкид гардид, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардидааст. Барои расидан ба ин ҳадафи стратегӣ бояд аз тамоми имкониятҳо ва иқтидорҳои истеҳсолӣсамаранок истифода бурда шавад.

АМИТ «Ховар»

Tags: