Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар рафти суҳбат Сарвари давлати мо Президенти Ӯзбекистони дӯстро ба муносибати ҷашни зодрӯзашон самимона табрику муборакбодӣ намуданд.
Дар ин зимн Пешвои миллат фаъолияти давлатии самараноки муҳтарам Шавкат Мирзиёевро ҷиҳати таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии Ӯзбекистон ва таҳкими мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ зикр карданд.
Президенти Тоҷикистон таҳаввулоти калонмиқёсеро, ки тайи солҳои охир дар ин давлати ҳамсоя ба вуқӯъ пайвастаанд, баланд арзёбӣ карда, ба мардуми бародари Ӯзбекистон сулҳу суботи бардавом, некӯаҳволӣ ва пешрафти доманадор орзу карданд.
Ҳангоми баррасии мавзӯъҳои калидии муносибатҳои дуҷониба тарафҳо алоқамандии худро ба рушди пайгиронаи робитаҳои ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории судманди гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таъкид карда, ҷиҳати пешбурди минбаъдаи шарикии стратегии ду кишвар дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод изҳори омодагӣ намуданд.
Дар робита ба ҳамкории ду кишвар дар заминаи муносибатҳои бисёрҷониба тарафҳо ба масъалаҳои таъмини амният дар минтақа ва рушди вазъият дар Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир карда, атрофи раванди нигаронкунандаи паҳншавии фарогири пандемияи коронавирус изҳори ақида намуданд ва ҷиҳати вазъияте, ки дар ин замина имрӯз дар ду кишвар ба вуқӯъ пайвастааст, мубодилаи иттилоот анҷом доданд.
Президентҳо ҳамчунин як қатор масъалаҳои дигари мубрами байналмилалӣ ва ҳамкории минтақавиро муҳокима намуданд.
АМИТ «Ховар»