Ду шабакаи телевизионии нав — «Илм ва табиат», «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» таъсис меёбанд

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Илм ва табиат» ва «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ду шабакаи телевизионии нав таъсис медиҳад. Барои таъсиси шабакаҳои нав тамоми низомномаву лоиҳаи он таҳия гардида, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ирсол карда шуд.

Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид иброз намуд.

«Дар ҳошияи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни мамлакат, ки моҳи феврали соли 2019 баргузор гардида буд, дар Кумита нақшаи чорабиниҳои иборат аз 50 банд таҳия гардида буд. Аз ҷумла, яке аз ин бандҳо «Барномаи рушди телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» мебошад. Имрӯз дар тамоми сохторҳои Кумита корҳо барои татбиқи бандҳои мазкур бо суръат ҷараён доранд»,- гуфт Нуриддин Саид.

АМИТ «Ховар»

Tags: