Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон 70 нафар донишҷӯён аз Ӯзбекистон таҳсил менамоянд

Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон 90 нафар донишҷӯён аз кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, ки 70 нафарашон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошанд. Дар ин бора муовини аввали Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Маҳмуд Тошматов имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Маҳмуд Тошматов ҳамчунин гуфт, ки  дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барномаи махсуси рушди донишгоҳ то соли 2030 ба тасвиб расонида шудааст, ки тибқи он шумораи мутахассисони навовар зиёд мегардад.

«Донишгоҳ бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, созмону ширкатҳои хориҷӣ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ шартнома ва созишномаҳои тарафайн ба имзо расонидааст. Ҳамчунин дар шашмоҳи аввали соли равон донишгоҳ дар амалӣ гардидани чор лоиҳаи Барномаи ЭРАСМУС+ Иттиҳоди Аврупо, лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ»- Бонки ҷаҳонӣ, «Маълумоти касбӣ ва такмили ихтисос дар Осиёи Марказӣ»-и Созмони ҳамкории байналмилалии Германия, лоиҳахои Ташкилоти Кореягии WTIT «Интиқоли тенологияҳои коммуникатсионии глобалӣ», Маркази байналмилалии тиҷоратӣ, Маркази таълимии Конфутсия фаъолона иштирок намуд, ки амалишавии бештари онҳо солҳои оянда низ идома меёбад»,- афзуд номбурда.

Зикр шуд, ки донишгоҳи мазкур соли равон Созишномаи се барномаи таълимиро дар бораи аккредитатсияи байни «Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг»-и Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расонид, ки инҳо барномаи таълимии «Технологияи шир ва маҳсулоти ширӣ», «Иқтисодиёти ҷаҳонӣ» ва «Молия ва қарз» мебошанд.

Дар сохтори донишгоҳи  мазкур 8 факултет, 19 кафедра ва шуъбаи магистратура фаъолият дошта, дар он аз рӯи 476 фанни таълимӣ дарс дода мешавад.

АМИТ «Ховар»

Tags: