COVID-19. Дар ҷаҳон дар як шабонарӯз зиёда аз 220 ҳазор нафар гирифтори коронавирус шудаанд

Тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ), ки субҳи 20 июл нашр шудааст, давоми як шабонарӯзи охир шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятшавӣ аз коронавируси нав дар ҷаҳон беш аз 220 ҳазор нафар ва фавтидагон беш аз 4,3 ҳазор нафар зиёд гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ба ҳолати соати 9:00-и 20 июл (ба вақти Душанбе) дар ҷаҳон 14 645 947 сироят (+220 073 дар як шабонарӯз) ва 608 942 фавт (+4 316 дар як шабонарӯз) ба қайд гирифта шуд. Як рӯз пеш 224 273 ҳолати сироятшавӣ ва 5 011 фавт ошкор гардида буд.

Минтақаи Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ аз рӯи миқдори мубталоён дар ҷойи аввал мебошад – 7 376 748 (+70 377). Шумораи ҳолатҳои фавт дар он 2 777 нафар зиёд шуда, ба 305 285 нафар расидааст. Дар Аврупо 3 060 525 сироятёфта ва 206 965 фавт ба қайд гирифта шудааст. Дар муддати 24 соат шумораи мубталоён 18 195 ва ҳолатҳои фавт — 281 нафар афзудааст.

Мавқеи сеюмро дар ҷаҳон аз рӯи шумораи сироятёфтагон Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ишғол мекунад. Дар он ҷо шумораи мубталоён ба 1 391 407 расида, 33 543 фавт ба қайд гирифта шудааст. Давоми шабонарӯзи гузашта мубталоён 43 453 нафар зиёд шуда, 636 нафар фавтидаанд.

Шумораи зиёди ҳолатҳои сироятёбӣ дар ИМА ба қайд гирифта шудаанд — 3 898 550. Баъдан Бразилия (2 099 896), Ҳиндустон (1 118 107), Россия (771 546), Африқои Ҷанубӣ (364 328), Перу (353 590), Мексика (344 224) , Чили (330 930), Испания (307 335) ва Британияи Кабир (294 792) меистанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: