15 июл Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбарро ба ҳузур пазируфт.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот тарафҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро баррасӣ намуданд.
Инчунин ҷонибҳо оид ба ҳамкории ду давлат дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ табодули афкор намуданд. Дар суҳбат зарурати тавсеаи бештари ҳамкории дуҷониба, ки бо руҳи муносибатҳои мардумони ду кишвар созгор аст, таъкид гардид.
АМИТ «Ховар»