Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино теъдоди донишҷӯдухтарон нисбат ба соли гузашта 2,5% зиёд шуда, нисбат ба шумораи умумии донишҷӯён 41,7%-ро ташкил медиҳад. Шумораи умумии донишҷӯёни донишгоҳ 10509 нафар мебошад.
Дар ин хусус ректори Донишгоҳи тиббӣ Маҳмадшоҳ Гулзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаи ахбори омма иттилоъ дод.
Ректор афзуд, ки дар баробари донишҷӯёни ватанӣ дар донишгоҳ инчунин шумораи муҳасиллин аз хориҷи мамлакат низ зиёд гардидааст.
Теъдоди муҳассилини хориҷӣ дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар ҳоли афзоиш буда, айни замон 1553 нафар донишҷӯ аз 14 давлати дунё, аз ҷумла аз Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, кишварҳои Афғонистон, Ҳиндустон ва ғайраҳо таҳсил менамоянд. Дар донишгоҳ таҳсил барои донишҷӯён бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.
Мавриди зикр аст, ки нисбат ба ҳамин давраи таҳсили соли гузашта дар донишгоҳ сифати таълим 1,2% ва дараҷаи дарсазхудкунӣ 6,6% беҳтар шудааст. Дар сессияи имтиҳонии тобистона сифати таълим 35,4% % ва дараҷаи дарсазхудкунӣ 83,2%-ро ташкил дод. Нисбат ба ҳамин давраи таҳсили соли гузашта сифати таълим 1,1% ва дараҷаи дарсазхудкунӣ 2,0% беҳтар шудааст.
Дар фарҷоми нишаст зикр гардид, ки имрӯз ҷаҳон оид ба сар задани мавҷи дуюми коронавирус сару садоҳо зиёд аст. Мутаассифона, Тоҷикистон низ аз ин вабо дар канор нест. Аз ин рӯ, Донишгоҳ омодагии ҷиддӣ дидааст, то ҳангоми сар задани мавҷи дуюм, дар ҳолати карантин тариқи видео-онлайн омӯзишро бо донишҷӯён ба роҳ монда, онҳоро дар дохилу хориҷи мамлакат ба ин курсҳо фаро гирад.
АМИТ «Ховар»