Имрўз гурўҳи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки узвияташон дар ҳайати комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБ ИДМ) аз ҷониби Шўрои Маҷлиси намояндагон муайян шудааст, дар ҷаласаҳои комиссияҳои доимии Ассамблеяи парлумонӣ аз тариқи видео-конференсияҳо иштирок намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Дар он намояндаи комилҳуқуқи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи Байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Бахтовар Сафарзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод ва узви кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сарвиноз Маҷидова, муовини Раиси кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Толибхон Азимзода, узви кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин дар Комиссияҳои доимии АП ИДМ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ Муҳаммадраҳим Юсуфӣ иштирок намуданд.
Дар видео-конференсияҳо ҳамкории байнипарлумонӣ ва роҳҳои пешбурди фаъолияти Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
АМИТ «Ховар»