Олимони гиёҳшинос барои омӯхтани набототи шифоӣ ба минтақаҳои гуногуни кӯҳӣ ба сафари илмӣ баромаданд

Олимони гиёҳшиноси Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳо /ИБФГР/ бо мақсади омӯхтани набототи шифоӣ ба минтақаҳои гуногуни кӯҳии мамлакат ба сафари илмӣ баромаданд.

Тавре мудири озмоишгоҳи генетика ва селексияи растании ИБФГР Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ Қурбоналӣ ПАРТОЕВ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ иброз намуд, дар доираи сафар гурӯҳи олимон оид ба ҷаъоварӣ намудани тухмӣ ва миқдори биологии растаниҳои табобатӣ, инчунин муайян намудани моддаҳои фаъоли таркиби растаниҳои эндемикӣ-шифоие, ки дар баландиҳои 1500-3000 м аз сатҳи баҳр мерӯянд, бо истифодаи усулҳои инноватсионии омӯзиш таркиби биохимиявии онҳо таҳқиқоти илмӣ мебаранд.

 

«Олимони набототшинос соли равон дар чанде аз минтақаҳои кӯҳии мамламкат, аз ҷумла  дар мавзеъҳои кӯҳии дараи Варзоб, мавзеи Санглохи ноҳияи Данғара,  ноҳияи Мурғоби  ВМКБ сафарҳои илмиро анҷом дода, гуногунии биологии набототи шифоиро  омӯхта, тухмиҳои ин растаниҳоро захира намуда, таркиби биохимиявии узвҳои гуногуни онҳоро муайян намуданд. Дар натиҷаи ин тадқиқот ба олимон муяссар гардид, ки як қисми баргу поя, гул, тухмиҳои набототи нодири шифоиро аз ин ё он мавзеъҳои омӯзишӣ пайдо намуда, онҳоро ҷамъоварӣ намоянд. Таркиби биохимиявии миқдори биологии онҳоро дар шароити озмоишгоҳҳо дар шаҳри Душанбе муайян менамоянд»,- афзуд Қурбоналӣ Партоев.

 

 

Мақсади омӯзиши маҷмӯии набототи шифоиро олими тоҷик дар оянда истифода намудани онҳо дар ҷараёни дорусозии ватанӣ арзёбӣ намуд.

«Хушбахтона, табиати Тоҷикистон аз захираҳои гуногуни биологии набототи шифобахш хело бой аст ва дар оянда имконияти васеи тақвиятбахшии фармокологияи ватаниро дорад.  Ҳоло зарур аст, ки ин захираҳои генетикии растаниҳои табобатӣ боз ҳам амиқтар омӯхта шуда, баҳри афзун намудани онҳо, таъсис додани қитъаҳои афзоишдиҳӣ ва майдонҳои омӯзишӣ дар минтақаҳои гуногуни кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ ташкил карда шаванд. Инчунин хатари аз байни рафтани онҳо пешгирӣ карда шавад. Албатта, дар ин кор ҳамкории олимону аҳолии маҳал ва мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо хело зарур аст»,-хулоса кард доктори илмҳои кишоварзӣ.

АМИТ «Ховар»

Tags: