COVID-19. Дар Восеъ ҷиҳати пешгирӣ аз ин беморӣ 8 гурӯҳи корӣ бо сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ мебарад

Дар ноҳияи Восеъ  ҷиҳати пешгирии бемории коронавирус  гурӯҳҳои корӣ  таъсис  дода шуда, аз моҳи апрели  соли равон  ситоди ноҳиявӣ  оид ба пурзӯр намудани  чораҳои  зиддиэпидемикӣ  барои пешгирии интиқол  ва пайдоиши бемории  коронавируси нави КОВИД-19  амал менамояд.

Ба  иттилои масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии ноҳия,  баҳри пешгирии  бемории мазкур  аз ҳисоби кормандони  соҳаи тандурустӣ  дар ҷамоатҳои  шаҳрак  ва деҳоти ноҳия  8 гурӯҳи корӣ  фаъолият  намуда истодаанд, ки 24 соат  ба аҳолӣ  хизмати тиббӣ расонида,  бо усули «хона ба хона»  ба сокинон   оид ба паҳншавии  бемории коронавирус  ва риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ  корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд. Дар ин раванд шахсони  ҳарорати баланддошта  муайян карда шуда, баъди ташхиси рентгенӣ дар ҳуҷраи  изолятсионӣ  аз муоина гузаронида мешаванд.

Аз шумораи умумии  нафарони  муоинашуда 102 нафар  бо гумони бемории  илтиҳоби шуш (пневмания)  дар беморхонаи № 5-и деҳаи Охҷари Ҷамоати ба номи Миралӣ Маҳмадалиев бистарӣ карда шуданд, ки аз онҳо 95 нафарашон шифо ёфта, зери назорати табибон қарор доранд. Ҷиҳати  пешгирии бемории мазкур  то имрӯз  дар кӯчаю хиёбонҳои 66 деҳаи ҷамоатҳои деҳот ва 30 кӯчаи ҷамоати шаҳраки Ҳулбук корҳои безараргардонӣ ба анҷом расонида шудаанд.

Инчунин ташкилоту муассисаҳо, бозорҳо,  масҷидҳо, муассисаҳои таълимӣ ва дигар нуктаҳои хизматрасонӣ  зиёда аз 2-3 маротиба безарар гардонида шуданд.

Аз тарафи гурӯҳҳои корӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти  ноҳия ҷиҳати  пешгирӣ аз  ин бемории сироятӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуда,  ба оилаҳои ҳар хоҷагӣ огоҳнома дастрас карда шудааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: