Дар ин давр дастаи футболи «Дӯстӣ»-и ноҳияи Ҷайҳун дар бозии даври якуми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи дуюм дар вилояти Хатлон дар майдони худ бо дастаи «Сарбанд»-и шаҳри Левакант вориди майдони рақобат шуд. Бозингарони дастаи футболи «Дӯстӣ» бо ҳисоби калон — 8:1 зафар ёфтанд.
Дастаи дигари лигаи дуюм — «Чашма»-и ноҳияи Шаҳритӯз дар майдони худ бо тими «Кӯшон»-и ноҳияи Кӯшониён дидор анҷом дод. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Шаҳритӯз доир гашта, бозӣ бо ҳисоби мусовӣ 2:2 хотима ёфт.
Ҳамчунин дар ин давр дастаҳои футболи «Мунк»-и ноҳияи Ховалинг ва «Сурхоб»-и ноҳияи Темурмалик миёни ҳам рақобат намуданд, ки дар ин бозӣ низ ғолиб муайян нашуд. Чунки дидори дастаҳо бо ҳисоби 2:2 мусовӣ ҷамъбаст гардид ва дастаҳо имтиёзро миёни ҳам тақсим намуданд.
Лигаи 2-юм, даври аввал.
«Дӯстӣ»- «Сарбанд» 8:1
«Чашма» — «Кӯшон» 2:2
«Мунк» — «Сурхоб» 2:2
АМИТ «Ховар»