Боздиди Мушовири Девони Амири Давлати Кувайт доктор Абдуллоҳ Маътуқ ал-Маътуқ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Санаи 27-уми октябри соли ҷорӣ, ҳайати ҳукуматии давлати Кувайт, зери роҳбарии Мушовири Девони Амири Давлати Кувайт, Раиси Фонди байналмилалии хайрияи исломӣ, Намояндаи Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба корҳои башардӯстӣ доктор Абдуллоҳ Маътуқ ал-Маътуқ дар доираи сафари кории худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омаданд. Дар доираи ин сафари корӣ меҳмонон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуда,  тавассути  экспозитсияи  толорҳои намоишии муассиса бо таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик шинос шуданд. Меҳмонони олимақомро дар назди даромадгоҳи асосии бинои Осорхона сардори шуъбаи экскурсионӣ – оммавӣ Асадулло  Шарипов ва дигар шахсони масъул қабул намуданд.
Ба меҳмонон аз ҷониби мутахассисони Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланди касбӣ, бо забони модарии онҳо, яъне забони арабӣ сайри осорхонавӣ гузаронида шуд. Экспозитсияи шуъбаи табиати Осорхона бо иникоси менералҳои қимматбаҳо, ҳайвоноту наботот, диорамаҳои парваришгоҳу мамнуъгоҳояш меҳмононро бо табиати биҳиштосои Тоҷикистон шинос намуд. Дар ошёнаи якум ва дуюми Осорхона, ки бевостиа ба таърихи халқи тоҷик бахшида шудааст, муовини сардори шуъбаи таърихи бостон ва асрҳои миёна Алишер Зарипов меҳмононро роҳбаладӣ намуд. Мавсуф оид ба ёдгориҳои таърихии  Тоҷикистон, ҳаёт ва фаъолияти одамони асри сангу аҳди биринҷ ва инчунин доир ба дину оини зардуштӣ ба меҳмонон маълумот дод ва меҳмонон доир ба ҳар як давраи таърихӣ суолҳо медоданд.
Ҳамин тариқ, сайри осорхонавӣ бо тамошои дигар шуъбаҳо ва толорҳои намоишии Осорхона аз қабили «Ҳахоманишиҳо», «Сосониён», «Панҷакенти қадим», «Бунҷикат», гўшаи «Фарҳанги исломӣ», «Дайри Будоии Аҷинатеппа», «Сомониён», «Сиккаҳо», инчунин толорҳои намоишии шуъбаи таърихи нав ва навтарин «Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ахиран «Дафинаи сиккаҳои куфии Кулоб» ба анҷом расид.
Мавриди зикр аст, ки диққати меҳмононро бештар диорамаи «Асри санг», толори «Сосониён», гушаи «Фарҳанги исломӣ» бо дастхату китобҳои нодир, машҳуртарин ёдгории таърихии халқи тоҷик- «Меҳроби Искодар», инчунин «Дафинаи сиккаҳои Кулоб» ба худ ҷалб намуд.
Пас аз тамошои осорхона, меҳмонон оиди таъриху фарҳанги халқи тоҷик таассуроти амиқ бардошта, сипас Мушовири Девони Амири Давлати Кувайт доктор Абдуллоҳ Маътуқ ал-Маътуқ ҳамчун рамзи дўстӣ дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон таассуроташро  қайд намуд.

 

Tags: