Хоҷагии «Искич» боварии мардумро ба даст овардааст

daraht.jpgМаъракаи ниҳолшинонӣ дар тамоми манотиқи кишвар идома дорад. Барои таъмини мардум бо нихолҳои хушсифату серҳосилу ояндадор саҳми хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ хеле калон аст. Хоҷагии ниҳолпарварии «Искич» -и шаҳри Ҳисор аз зумраи онҳост. Хоҷагӣ дорои 10 гектар замин буда, соли 1991 таъсис ёфтааст. Айни ҳол дар хоҷагӣ беш аз 213 ҳазор бех ниҳолҳои мевадиҳанда, сояафкан ва ороишӣ мавҷуд буда, ҳамасола 60-70 ҳазор бех ниҳолҳои гуногун ба фурӯш мераванд.
Тавре Зафар Ғафуров,  раиси хоҷагии «Искич» иттилоъ дод, дар хоҷагӣ ниҳолҳои себ, зардолу, олу, чормағз, гелос, шафтолу, анор, санҷид, арғувон, сада ва ғайраҳо парвариш меёбанд. Харидорон баробари хариди ниҳол аз мутахассисони хоҷагӣ маслиҳату машварат мегиранд.
Бартарии хоҷагии мазкур боз дар он аст, ки дар ин ҷо ниҳолҳое парвариш мешаванд, ки барои бунёди ҷангалзор, пешгирии эрозияи замин, беҳтар намудани муҳити экологӣ мусоидат мекунанд. Боғпарварони хоҷагии «Искич» дар ихтиёри худ 260 гектар ангурзор ва боғи себу гелос доранд, ки ҳамасола аз он ҳосили фаровон рӯёнида, коми чандин ҳазор нафарро ширин менамоянд.

Манбаъ: АМИТ"ХОВАР"

Tags: