Пешвои миллат дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Маҷмааи хизматрасонии «Гулистон»-ро ифтитоҳ ва ба ятимон туҳфаҳо тақдим намуданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Маҷмааи хизматрасонии «Гулистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сарвари давлат бо шароити дар марказ фароҳамовардашуда шинос гардида, бо кормандони маҷмааи хизматрасонӣ аз наздик суҳбат намуданд.

Иброз гардид, ки иншооти нав дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдусамӣ Раҳмонов бунёд шуда, аз чор ошёна иборат мебошад. Ошёнаи аввал барои хизматрасониҳои бонкӣ пешбинӣ гардидааст. Дар ин ҷо мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонии бонкдорӣ ҷиҳати қабули мизоҷон, расонидани хизмат ба онҳо ва анҷом додани дигар амалиётҳои бонкӣ шароит фароҳам оварда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки Маҷмааи хизматрасонии «Гулистон» ҳамзамон дорои ду тарабхона бо 100 ҷойи нишаст буда, барои гузаронидани базму чорабиниҳои гуногун мутобиқ мебошад. Дар ошёнаи сеюми иншооти навбунёд меҳмонхона бо утоқҳои як, ду ва се нафара сохта шудааст.

Дар маҷмӯъ меҳмонхонаи Маҷмааи хизматрасонии «Гулистон» имконият дорад, ки дар як вақт ба 20 нафар мизоҷ хизмат расонад. Таъкид гардид, ки авҷи корҳои сохтмонӣ ва ифтитоҳи чунин иншоот дар саросари ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба баланд гардидани сатҳи хизматрасонӣ, дастрасӣ пайдо кардани аҳолии минтақаҳои дурдаст ба хизматрасониҳои замонавӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад.

Феълан дар Маҷмааи «Гулистон» 25 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомҳои бунёдкоронаи соҳибкоронро намунаи ибрат ва боиси дастгирӣ хонданд.

Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кӯдакони аз оилаҳои камбизоат ва ятимон мулоқот намуда, ба 50 кӯдаки ятим туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд.

Бояд зикр намуд, ки Сарвари давлат дар ҳамаи сафарҳои худ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо ятимону бепарасторон ва нафарони эҳтиёҷманд вохӯрӣ намуда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ва таҳсили онҳо ҳамеша тадбирҳои судмандро амалӣ менамоянд.

Аснои суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки яке аз самтҳои муҳими фаъолияти иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин дастгирии табақаи эҳтиёҷманди ҷомеа буда, минбаъд ҳам тамоми кушишҳо ба харҷ дода мешавад, ки вазъи зиндагии чунин нафарон беҳтару хубтар гардад. Дар навбати худ кӯдакону наврасонро низ даъват карданд, ки бештар хонанд, илму ҳунар омӯзанд, то дар оянда тавонанд рӯзгори худро пеш баранд ва дар рушди бештари Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузорӣ намоянд.

АМИТ «Ховар»

Tags: