Конститутсия- таҷассумгари моҳияти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва маънавии давлат аст

Ба истиқболи Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрии масъулини ҳифзи ҳуқуқ бо устодону донишҷӯён доир гардид. 
Дар мулоқот зикр гардид, ки «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар арзишҳои муқаддас барои эҳёи таъриху маданияти ин миллат нақши муносиб гузошта, дастовардҳои арзишманди миллиро пуштибонӣ кард ва Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд. Рӯҳияи идона аз ифтихори миллӣ ва пос доштани асолати гузаштагон, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги неки аҷдодон, сарҷамъии мардум дар фазои осоиштаи ватан ва хушбахтии кӯдакон аз санади сарнавиштсоз будани Конститутсия, истиқлолияти воқеӣ ва ваҳдати ҷовидона дар Тоҷикистон башорат медод».
Иштирокдорони мулокот ёдовар шуданд, ки 6 ноябри соли 1994 дар таърихи мардуми тоҷик ҳамчун санаи сарнавиштсоз сабт шудааст, зеро дар ин рӯз аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

АМИТ «Ховар»

Tags: