Нахустнамоиши филми нави «Муассисаи давлатии Суғдсинамо ба номи Комил Ёрматов» бо номи «Тангно» моҳи сентябри соли равон баргузор мешавад.
Ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, нахустнамоиши ин филм 4 сентябр дар пойтахти кишвар- шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд. Филми «Тангно» 4-5 сентябр дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон намоиш дода мешавад.
Аз 11 то 18 сентябр филми «Тангно» дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд, аз 12 сентябр то 13 октябр дар шаҳри Конибодом ва аз 14 то 30 сентябр дар Қасри фарҳанги шаҳри Панҷакент пешкаши ҳаводорони филмҳои ватанӣ хоҳад шуд.
Тавре иттилоъ дода шуд, филм аз рӯи асари «Тангнои гетӣ» -и нависандаи маъруфи тоҷик Сорбон ва коргардонии Муҳиддини Музаффар таҳия ва пешниҳод шудааст. Продюссери филм Дилошӯб Орифзода буда, он дар деҳаи Амондараи шаҳри Панҷакент дар давоми 96 рӯз сабт гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки филм муаммоҳои иҷтимоии ҷомеаи муосирро инъикос намуда, аз мушкилот ва пайомадҳои муҳоҷирати меҳнатӣ қисса мекунад ва нақши марказии филмро Муҳаммадшариф Раҳматуллоев офаридааст.
Ҳамчунин ба иттилои манбаъ, нақшҳои асосиро дар филм Раҷабгул Қосимова, Аҳлиддин Шарифов, Бунёд Комилов ва Сурайё Ҳакимова бозидаанд.
Бояд гуфт, ки дар филми «Тангно» чеҳраҳои нав муаррифӣ шудаанд, ки тариқи кастинг ба синамо роҳ ёфтаанд.
Дар филм беш аз 10 нафар кӯдакони аз 4 то 13- сола низ нақш бозидаанд.
АМИТ «Ховар»